Остона, 24 феврали соли 2026 АИ «Караван Инфо». Вазири энергетикаи Қазоқистон Ерлан Аккенженов бо менеҷменти олии ширкати фаронсавии TotalEnergies мулоқот намуд. Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи Шамоли “Мирний” бо иқтидори 1 ГВт дар вилояти Ҷамбил баррасӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ ноиби президенти калон оид ба минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Totalenergies EP Мансур Жакупов ва роҳбари Totalenergies дар Қазоқистон Фруде Юнес иштирок намуданд.
Лоиҳа унсури калидии ҳамкории дуҷониба дар соҳаи декарбонизатсия мебошад, ки бо созишномаи махсуси байниҳукуматӣ мустаҳкам намуда шудааст. Беназирии истгоҳ дар хусусияти гибридӣ: ғайр аз тавлиди шамол, маҷмаа бо системаи ҷамъоварии нерӯи барқ бо ҳаҷми 300 МВт/600 МВтс барои мӯътадил намудани додани қувваи барқ ба шабака муҷаҳҳаз намуда мешавад.
Лоиҳа сохтмони 280 км хатҳои баландшиддатро барои пайвастшавӣ ба зеристгоҳҳои «ЮКГРЭС» ва «ШУ» пешбинӣ мекунад.
Ерлан Аккенженов шариконро дар дастгирии ҳамаҷонибаи Вазорати Энергетика барои саривақт ворид намудани иқтидорҳо ва таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ итминон дод.

Татбиқи лоиҳа ба ноил шудан ба ҳадафҳои бетарафии карбон мусоидат намуда, минтақаро бо энергияи тоза таъмин менамояд ва барои рушди салоҳиятҳои нави технологӣ дар бахши ВИЭ замина фароҳам меорад.
Аксҳо: Вазорати Энергетикаи ҶҚ
