Қазоқистон ва Huawei системаи интеллектуалии нақлиётро эҷод мекунанд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Huawei системаи интеллектуалии нақлиётро эҷод мекунанд

Остона, 6 марти соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазорати нақлиёти Қазоқистон ва ширкати Huawei (ширкати технологии Чинӣ, номи он ҳамчун “дастоварди чинӣ/шукӯҳи Чин” тарҷума мешавад, кит.) меморандуми ҳамкорӣ дар доираи намоишгоҳи байналмилалии Mobile World Congress 2026 (конгресси Ҷаҳонии Мобилӣ, англ.) бастанд. Ҳуҷҷат татбиқи қарорҳои рақамиро дар соҳаи нақлиёт пешбинӣ мекунад.

Ҷонибҳо дар бораи сохтани системаи ягонаи нақлиёти интеллектуалӣ бо истифода аз технологияи абрӣ мувофиқа намуданд. Ҳамкорӣ нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ, бандарӣ ва боркашониро фаро мегирад.

Табодули таҷриба оид ба идоракунии самараноки инфрасохтори роҳ, ҳамоҳангсозии ҷараёни нақлиёт ва баланд бардоштани ҳосилнокии гиреҳҳои логистикӣ ба нақша гирифта шудааст. Татбиқи технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва маълумоти калон бояд рақобатпазирии соҳаро афзоиш диҳад.

Вазорат қайд намуд, ки ҳамкорӣ барои ҳамгироии Қазоқистон ба долонҳои ҷаҳонии нақлиёт имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Аксҳо: Вазорати нақлиёти ҶҚ

error: