Қазоқистон ва Исроил низоми бидуни раводидро омода мекунанд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Исроил низоми бидуни раводидро омода мекунанд

Остона, 28 январи соли 2026-АИ «Караван инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев бо Вазири корҳои хориҷии Исроил Гидеон Саар, ки бо нахустин сафари расмии 16 соли охир ба Остона омада буд, гуфтушунид намуд. Натиҷаи асосии мулоқот имзои ёддошт дар бораи нияти озод намудани соҳибони шиносномаҳои миллӣ аз талаботи раводид буд.

Ҷонибҳо густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи технологияҳои баланд, комплекси агросаноатӣ ва тиб баррасӣ намуданд. Исроил изҳори омодагӣ намуд, ки таҷрибаи идоракунии захираҳои обро мубодила кунад. Инчунин, дар Остона форуми тиҷоратӣ баргузор шуд, ки дар он соҳибкорон лоиҳаҳои рақамикунонӣ ва кишоварзии “интеллектуалӣ” – ро муҳокима намуданд.

Ба ташаббусҳои осоишта диққати махсус дода шуд. Ермек Кошербаев иштироки Қазоқистонро дар фаъолияти Шӯрои сулҳ оид ба Ғазза (Board of Peace) — и сохтори нави байналмилалӣ, ки бо ташаббуси президенти ИМА Доналд Трамп барои барқарорсозии баъдиҷангии минтақа таъсис дода шудааст, тасдиқ намуд.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ

error: