Қазоқистон ва Юнон ба мувофиқа расиданд ки ҳамкориро дар соҳаи сайеҳӣ ва сиёсат тақвият диҳанд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Юнон ба мувофиқа расиданд ки ҳамкориро дар соҳаи сайеҳӣ ва сиёсат тақвият диҳанд

Остона, 6 марти соли 2026-АИ «Караван Инфо». Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исетов бо сафири Юнон Антонио Катсуру мулоқот намуд. Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Исетов Юнонро шарики муҳими Қазоқистон дар Баҳри Миёназамин номид. Вай омодагии худро барои васеъ намудани заминаи шартномавӣ – ҳуқуқӣ ва амиқ намудани ҳамкорӣ ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар созмонҳои байналмилалӣ тасдиқ намуд.

Сафири Юнон талошҳои Афинаро барои таҳкими робитаҳои ҳамаҷониба бо таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ қайд намуд.

Мусоҳибон динамикаи мусбати муколамаи сиёсӣ ва ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ – гуманитарӣ муайян намуданд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи мунтазами сиёсиро нигоҳ доранд ва корҳоро оид ба густариши шарикӣ идома диҳанд.

Аксҳо: ВКХ – и ҶҚ

error: