Қазоқистон ва корпоратсияи амрикоӣ ҳамкориҳои сармоягузориро тақвият медиҳанд
Остона, 28 январи соли 2026-АИ «Караван инфо». Сардори ВКХ Қазоқистон Ермек Кошербаев бо ноиби президенти калони корпоратсияи Амрикоии ExxonMobil Питер Ларден мулоқот намуд. Ҷонибҳо лоиҳаҳои ҷорӣ ва дурнамои густариши ҳузури ширкатро дар бахши нафту гази ҷумҳурӣ баррасӣ намуданд.

Вазир аҳамияти стратегии ExxonMobil-ро ҳамчун яке аз бузургтарин сармоягузорони хориҷӣ, ки дар лоиҳаҳои “Тенгиз”, “Кашаган” ва дар кори консорсиуми қубурҳои Каспий (КҚК) иштирок мекунад, таъкид намуд. Питер Ларден, дар навбати худ, пешрафти Қазоқистонро дар беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ қайд намуд ва омодагии ширкатро ба шарикии дарозмуддат тасдиқ намуд.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
