Остона, 25 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар майдонҳои сессияи 80-уми Ассамблеяи генералии СММ дар Ню-Йорк вазири экология ва захираҳои табиии Қазоқистон Ерлан Нисанбаев ва директори иҷроияи маркази Глобалии метан Марсело Мена Меморандуми ҳамкорӣ имзо намуданд.

Меморандум ба татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии иқлими Қазоқистон, аз ҷумла ҳадафҳои созишномаи Париж равона шудааст.
Самтҳои асосии ҳамкорӣ инҳоянд:
• Таҳия ва татбиқи нақшаи миллии амал оид ба метан.
- Таъсиси дафтари миллии метан.
• Истифодаи маълумоти моҳвораӣ барои мониторинги партовҳои метан дар бахшҳои энергетикӣ, кишоварзӣ ва коммуналӣ.
* Гузаронидани лоиҳаҳои озмоишӣ, тренингҳо ва форумҳои минтақавӣ.
Барои татбиқи ин созишномаҳо шарикони байналмилалӣ, ба монанди Clean Air Task Force ва Carbon Mapper ҷалб намуда мешаванд, ки дастгирии техникӣ ва методологӣ мерасонанд.
Аксҳо: Вазорати экология ва захираҳои табиии ҶҚ