Остона, 27 январи соли 2026 АИ «Караван инфо». Вазири корҳои хориҷии ҶҚ Ермек Кошербаев ва сафири Олмон Моника Иверсен дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи тиҷоратӣ ва оғози лоиҳаҳои нави муштараки сармоягузориро фаъол созанд.

Дар вохӯрӣ ба робитаҳои фарҳангӣ – гуманитарӣ ва шарикӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ диққати махсус дода шуд. Моника Иверсен таваҷҷӯҳи Берлинро ба амиқ намудани муносибатҳо бо Остона тасдиқ намуд. Дипломатҳо инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Олмон яке аз сармоягузорони пешбари аврупоӣ дар иқтисодиёти Қазоқистон мебошад, ки лоиҳаҳоро дар соҳаҳои мошинсозӣ, энергетика ва логистика амалӣ мекунад.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
