Қазоқистон ва СММ ҳамкориро дар муколамаи байни тамаддунҳо тақвият медиҳанд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва СММ ҳамкориро дар муколамаи байни тамаддунҳо тақвият медиҳанд

Остона, 17 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар майдонҳои Анҷумани VIII роҳбарони динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ дар Остона, Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Акан Раҳметуллин бо намояндаи Олии Иттиҳоди тамаддунҳои СММ Мигел Анхел Моратинос, ки ҳамчунин фиристодаи махсуси СММ оид ба мубориза бо исломфобия мебошад, мулоқот намуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муколамаи байнитамаддунӣ ва байнидинӣ, инчунин нақши Қазоқистонро дар пешбурди сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ баррасӣ намуданд.

Раҳметуллин таъкид намуд, ки Қазоқистон ташаббускор ва иштирокчии фаъоли талошҳои байналмилалӣ барои таҳкими эътимод ва ҳамкорӣ байни намояндагони динҳо ва фарҳангҳои гуногун мебошад. Вай қайд намуд, ки Анҷумани пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ ба як майдони бонуфузи ҷаҳонӣ барои муколамаи ошкоро табдил ефтааст.

Мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории зичро дар пешбурди ғояҳои эҳтироми тарафайн, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагӣ дар арсаи байналмилалӣ идома диҳанд.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ

error: