Остона, 10 марти соли 2026 АИ «Караван Инфо». Вазири экологияи Қазоқистон Ерлан Нисанбаев бо мушовири президенти Узбекистон-раиси кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим Азиз Абдухакимов онлайн мулоқот намуд. Ҷонибҳо саммити дарпешистодаи экологӣ дар Остона ва лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.

Мавзӯи асосии гуфтушунидҳо идоракунии хоҷагиҳои ҷангал ва барқарорсозии экосистемаи баҳри Арал буд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соҳаи истифодаи устувори ҷангал таҷриба мубодила кунанд ва ҳамкориро оид ба шинонидани ниҳолҳои сабз дар қаъри хушкшудаи Арал густариш диҳанд.
Ҳамчунин, мусоҳибон мушкилоти сифати ҳавои атмосфераро баррасӣ намуданд. Табодули маълумоти муосир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба омодагӣ ба саммити минтақавии экологӣ, ки санаи 22-24 апрел дар Остона баргузор мешавад, диққати махсус дода шуд. Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ дар тамоми рӯзномаи экологӣ тасдиқ намуданд.
Аксҳо: Вазорати экология ва захираҳои табиии ҶҚ
