Қазоқистон ва Ватикан рушди муколамаи байни динҳо ва омодасозии анҷуманро дар Остона баррасӣ намуданд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Ватикан рушди муколамаи байни динҳо ва омодасозии анҷуманро дар Остона баррасӣ намуданд

Остона, 27 марти соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Ватикан вохӯрии муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ержан Ашикбаев бо префекти Дикастерия оид ба муколамаи байни динҳои Тахти Муқаддас кардинал Ҷорҷ Қувакад баргузор шуд. Ҷонибҳо сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва манфиати тарафайнро дар таҳкими ҳамкорӣ тасдиқ намуданд.

Ба ҳамкорӣ дар доираи Анҷумани пешвоени динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ диққати махсус дода шуд. Ватикан иштироки ҳайати худро дар ҷаласаи Навбатии Котиботи Анҷуман, ки моҳи октябри соли 2026 дар Остона баргузор мешавад, тасдиқ намуд.

Мусоҳибон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла пешбурди муколамаи байни динӣ ва фарҳангӣ, таҳкими сулҳ ва мусоидат ба рушди устувор мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо муносибати тарафайнро барои амиқтар намудани ҳамкории дуҷониба тасдиқ намуданд.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ

error: