Баҳисобгирии морхӯр дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон: натиҷаҳо барои ҳифзи табиат заминаи муҳим фароҳам меоранд – ИА Караван Инфо
Баҳисобгирии морхӯр дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон: натиҷаҳо барои ҳифзи табиат заминаи муҳим фароҳам меоранд

Душанбе, 07 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон корҳои нақшавии баҳисобгирии морхӯр — яке аз нодиртарин намояндагони олами ҳайвоноти ваҳшии кишвар — оғоз гардид. Ин иқдом дар иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2026, №13 «Дар бораи гузаронидани ҳисоботи нақшавии саршумори бузи кӯҳии морхӯр дар соли 2026» амалӣ шуда истодааст.

Тавре аз ниҳоди ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд, баҳисобгирӣ дар як қатор мавзеи муҳими табиии кишвар бо иштироки мутахассисони Кумита, муассисаҳои илмии марбутаи ҷумҳурӣ ва хоҷагиҳои шикор гузаронида мешавад. Чунин тарзи ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки вазъи воқеии саршумори ин намуди нодир дақиқтар муайян гардад.

Баргузории чунин корҳои илмӣ ва амалӣ аҳамияти хос дорад, зеро морхӯр аз ҷумлаи намудҳои ҳайвоноте мебошад, ки ҳолати онҳо ба саломатии экосистемаҳои кӯҳӣ, сатҳи таъсири инсон ба табиат ва самаранокии тадбирҳои ҳифзи гуногунии биологӣ вобастагии зич дорад. Аз ҳамин рӯ, натиҷаҳои баҳисобгирӣ барои қабули қарорҳои минбаъда дар соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи боэътимод хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои масъулин, маълумоти бадастомада барои таҳияи чораҳои дақиқи ҳифз, танзими истифодаи захираҳои табиӣ ва нигоҳдории мероси табиии кишвар хизмат мекунад. Дар шароити афзоиши таваҷҷуҳ ба масъалаҳои экологӣ чунин тадқиқотҳо аҳамияти махсус пайдо намудаанд, зеро ҳайвоноти нодир ҳамзамон нишондиҳандаи ҳолати умумии муҳити зист ба ҳисоб мераванд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки баҳисобгирии мунтазами ҳайвоноти ваҳшӣ дар минтақаҳои душворгузари кӯҳӣ ба давлат имкон медиҳад, ки сиёсати дарозмуддати ҳифзи табиатро ба таври дақиқтар ба роҳ монад.

Акс: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: