Душанбе, 19 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Маркази тамаддуни ориёӣ таъсис дода мешавад. Супориши мазкурро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ироа намуданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки таъсиси Конуна, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ, қадами муҳим дар роҳи омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик хоҳад буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд аз формулаи бузурги инсондӯстонаи аҷдодони хирадманд — андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек, ки то имрӯз асоси ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи ҷомеаи тоҷикро ташкил медиҳад.
Ба таъкиди Пешвои миллат, ҷашнҳои бостонӣ — Наврӯз, ки мақоми байналмилалӣ касб кардааст, инчунин Меҳргон, Сада ва Тиргон, таҷассумгари ғояҳои инсондӯстона, арҷгузорӣ ба табиат, суннатҳои давлатдории ниёгон — ориёҳо мебошанд.
Сарвари давлат зикр намуданд, ки тамаддуни ориёӣ дар ташаккули таърихи ҷаҳонӣ нақши бузург ва сарнавиштсоз дошта, арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии он то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Маҳз ҳамин мерос моҳият ва рӯҳи халқи тоҷикро ташкил медиҳад.
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ба сифати як иқдоми ниҳодӣ барои омӯзиши илмӣ, ҳифз ва тарғиби ин мероси бостонӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки Маркази тамаддуни ориёӣ ба як маркази илмӣ-фарҳангӣ ва маърифатӣ табдил ёфта, барои таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва густариши дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон хизмат кунад.
Бо ин иқдом, Тоҷикистон боз як қадами муҳими стратегиро дар роҳи пайванди гузашта бо имрӯз ва оянда мегузорад — қадаме, ки ба сарчашмаҳои тамаддун такя дорад ва ба рушди устувори фарҳангӣ нигаронида шудааст.
АКС: Телеграмм канали Рустами Эмомалӣ
