Душанбе, 07 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо Ноиби Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Марк Бауман баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориро баррасӣ намуда, як қатор созишномаҳои нав оид ба маблағгузорӣ ва дастгирии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва энергетикаи “сабз” ба имзо расониданд.

Тавре аз Вазорати молия хабар доданд, дар мулоқот нақши БАТР дар рушди устувори иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла пешбурди инфрасохтор, энергетикаи барқароршаванда, молияи “сабз” ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҷонибҳо масъалаи рушди энергетикаи офтобӣ тавассути ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусӣ, инчунин беҳдошти хизматрасониҳои коммуналӣ дар шаҳру ноҳияҳо-ро муҳокима карданд.
Зимни мулоқот маросими имзои созишномаҳои грантӣ, қарзӣ ва кафолатӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, барои татбиқи лоиҳаи:
- «Беҳтарсозии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Ёвон» ба маблағи 4,8 миллион евро, ки аз он 2,4 миллион евро қарз ва 2,4 миллион евро грант мебошад, ҳамчунин кумаки техникии 450 ҳазор евро,
- ва лоиҳаи «Модернизатсияи низоми таъминоти гармидиҳии шаҳри Душанбе» ба маблағи 6 миллион доллари амрикоӣ, ки 3 миллион доллар грант ва 3 миллион доллар қарз мебошад, созишномаҳо ба имзо расиданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок бо истифода аз имкониятҳои молиявии БАТР изҳор намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон