Санаи 23 июли соли 2024 Сарвазири Бангладеш Шайх Хасина истеъфо дод ва дар пасманзари эътирозхои оммави, ки боиси марги садхо нафар шуд, ба Хиндустони хамсоя фирор намуд. Дар ин бора сардори ситоди артиш генерал Вакер-уз-Заман хабар дода, тасдик намуд, ки хукумати муваккати барои муътадил намудани вазъ дар кишвар ташкил намуда мешавад.
Аксхо: Suman Kanti Paul/Drik / Getty Images
Эътирозхо мохи июл огоз шуданд, вакте ки донишчуен ба кучахо баромаданд ва талаб намуданд, ки системаи квотахо барои кор дар бахши давлати тагйир дода шавад. Баркарор намудани квотахои аз чониби Суд бекоршуда дар соли 2018 боиси хашми мардум шуд. Донишчуён тартиби мавчударо табъиз меномиданд ва талаб менамуданд, ки ба кор кабул намуда шавад.
Дар натичаи эътирозхо беш аз 280 нафар кушта шуданд. Полис барои пароканда намудани эътирозгарон аз гази ашковар ва тирхои резини истифода намуд. Дар пойтахти Дакка ва дигар шахрхо горатгари ва сухторхои оммави ба назар мерасанд.
Шайх Хасинаи 76-сола бо чархбол ба Агарталу, Хиндустон парвоз намуд, ки дар он чо ба у амният ваъда дода шуд. Баъзе расонахо тахмин мезананд, ки вай метавонад ба Лондон равад. Хасина, ки аз соли 1996 то 2001 ва аз соли 2009 то имруз дар макоми Сарвазир буд, бо Хиндустон робитахои зич баркарор намуд, ки ин аз чониби мухолифин танкид намуда шуд.
Генерал Вакер-уз-Заман ба тамоми мардуми Бангладеш “адолат” ваъда дод ва изхор дошт, ки то охири руз бояд халли худро пайдо кунад. Вай инчунин ният дорад, ки бо президент Мухаммад Шахобуддин барои мухокимаи кадамхои минбаъда мулокот кунад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки эътирозхо аз мушкилоти иктисоди, аз чумла сатхи баланди бекори дар байни чавонон ба вучуд омадаанд. Комиссари Олии СММ оид ба хукуки инсон Фолкер Тюрк аз макомоти Бангладеш даъват намуд, ки хушунатро катъ кунанд, дастраси ба интернетро баркарор кунанд ва барои муколама шароит фарохам оранд.
Вазъият дар Бангладеш ташаннучнок боки мемонад ва кишвар барои ташкили Хукумати муваккати барои муътадил намудани вазъ омодаги мебинад.