Баргузории мусобиқаи шоҳмот ба муносибати ҷашни Наврӯз – ИА Караван Инфо
Баргузории мусобиқаи шоҳмот ба муносибати ҷашни Наврӯз

Душанбе, 17 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 16 март бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот ва дастхобонӣ миёни кормандони академия ва муассисаҳои тобеи он баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ҳадафи таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ҳамкорӣ миёни кормандон, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши зеҳнӣ ташкил карда шуд. Иштирокчиён дар фазои идона ва рақобати солим имконият пайдо карданд, ки қобилияти фикрронӣ, маҳорати стратегӣ ва дониши худро дар бозии шоҳмот нишон диҳанд.

Дар рафти мусобиқа рақобати ҷолиб ва пуршиддат миёни иштирокчиён ҷараён гирифта, ҳар як бозингар барои ишғоли ҷойҳои намоён кӯшиш ба харҷ дод. Ҳамзамон, чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамбастагии дастаҷамъӣ мусоидат менамоянд.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин суннатҳои миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шаш ҳазорсола дорад. Аз замонҳои қадим таҷлили Наврӯз ҳамеша бо баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангӣ ҳамроҳ буд. Аз ҷумла, гӯштигирӣ, бандкашӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, футболбозӣ, шашкабозӣ ва шоҳмотбозӣ миёни мардум маъмул буда, онҳо на танҳо воситаи фароғат, балки рамзи нерӯ, зиракӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Имрӯз низ идомаи ин анъанаҳои неку дерина баёнгари эҳтиром ба мероси ниёгон ва талош барои рушди фарҳанги миллӣ мебошад. Баргузории чунин мусобиқаҳо дар остонаи Наврӯз нишон медиҳад, ки арзишҳои миллӣ ва суннатҳои аҷдодӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон бо мазмуни нав идома ёфта, насли имрӯз онҳоро пос дошта, густариш медиҳад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

error: