Барномаи давлатии мусоидат ба шугли ахоли имкон дод, ки 40 хазору 900 нафар бо чойи кор таъмин намуда шаванд. Аз чумла, бо шарофати квотахои чудошуда 4635 нафар ба кор кабул намуда шуданд ва тавассути ташкили фаъолияти мехнатии инфироди 1193 нафар. Дар ин бора имруз дар нишасти матбуоти Вазири мехнат, мухочират ва шугли ахолии кишвар Гулнора Хасанзода изхор дошт.
“Дар асоси созишномахои мутакобила бо корхонаю ташкилотхо 4300 нафар ба корхои чамъиятии пулаки чалб гардида, 11880 нафар барои тахсили касби ба марказхои Таълимии Калонсолони Агентии мехнат ва шугли ахоли дар самтхои макомоти мехнат ва шугли ахоли равона гардида, ба 8820 нафар шахрвандон кумакпули барои бекори таъин ва пардохт намуда шуд.
Бо максади мусоидат ба шахрвандон дар чустучуи кор, макомоти мехнат ва шугли ахоли 483 ярмаркаи чойхои холи ва чойхои кории холи баргузор намуданд, ки дар натича 12756 нафар шахрвандони бекор ва корчуён ба намудхои гуногуни шугл чалб намуда шуданд.
Аз чумла, тавассути ташкил ва баргузории ярмаркахо 6587 нафар дар чустучуи кор чойхои кори пайдо намуданд, 4812 нафар барои омузиши касби роххат гирифтанд ва 1357 нафар ба корхои чамъиятии пулаки чалб намуда шуданд”, — хулоса намуд Гулнора Хасанзода.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 106663 нафар хизматрасонихои макомоти давлатии мехнат ва шугли ахолиро гирифтанд. Ичрои барномаи Давлатии мусоидат ба шугли ахоли барои солхои 2023-2027 65,4% таъмин намуда шуд.
Лайло ТОИРИ,
Иа”Карован Инфо”
АКСХО: НИАТ”Ховар”