Душанбе, 22 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Дар ҷаласаи Платформаи миллии 20 декабр коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намуд, ки ҳадафи муштараки ҳамаи иштирокдорон — гузариш аз вокуниш ба офатҳои табиӣ ба идоракунии муассири хатари онҳо мебошад.

«Мо бояд на танҳо ба ҳолатҳои фавқулодда вокуниш нишон диҳем, балки онҳоро дар асоси маълумоти дақиқ ва таҳлили илмӣ пешгирӣ намоем», — изҳор дошт Рамасвами.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки Харитаи роҳ барои ибтикори “Огоҳсозиҳои бармаҳал барои ҳама” имконият медиҳад, ки маълумоти илмии хадамоти обуҳавосанҷӣ бо омодагии ҷамоатҳои маҳаллӣ пайваст карда шавад. «Барои бартараф кардани “монеаи охирин”, паёмҳои огоҳкунии бармаҳал бояд ба ҳар як оила расанд, то онҳо дар сурати рӯй додани офатҳои табиӣ фавран амал кунанд», — таъкид кард вай.

Ба таъкиди ҳамоҳангсози СММ, системаи миллии мониторинг ва мубодилаи иттилоот имкон медиҳад, ки қарорҳо дар асоси маълумоти воқеӣ қабул шаванд, шаффофият ва ҳамоҳангӣ байни оҷонсиҳо таъмин гардад ва захираҳо ба онҳое равона шаванд, ки бештар ниёз доранд.
АКС: Барномаи рушди СММ
