Девони Вазирони Ӯзбекистон қарореро қабул кард, ки ба рақамикунонӣ ва такмили низоми ташкили чорабиниҳои Ҳаҷ ва Умра нигаронида шудааст.
Тибқи ин ҳуҷҷат, дар кишвар "Портали ягонаи Ҳаҷ ва Умра" ба кор андохта шудааст. Аз ин ба баъд, шаҳрвандоне, ки қасди анҷоми зиёратро доранд, бояд танҳо тавассути ин портал сабти ном шаванд.
Тартиби нав дар марҳилаҳо эътибор пайдо мекунад:
- аз 1 феврали соли 2026 – барои сафар ба Ҳаҷ;
- Аз 1 майи соли 2026 – барои сафар ба Умра.
Қайд карда мешавад, ки бидуни ворид кардани маълумоти зоирон ба портал, ташкили сафарҳо иҷозат дода намешавад.

