Беш аз 1500 хонанда суруди "Атамекен" - ро дар Остона ба рӯзи Ҷумҳурӣ иҷро намуданд
Остона, 23 октябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Беш аз 1500 мактаббачаи пойтахт дар флешмоби ватандӯстона дар майдони рамзҳои Давлатӣ иштирок намуда, суруди “Атамекен” – ро дар арафаи Рӯзи Ҷумҳурӣ иҷро намуданд.

Иштирокчиён дар шакли дасти кушода рамзи ваҳдат, дӯстӣ ва кушодагии насли ҷавони Қазоқистон саф кашиданд. Чорабинӣ ба ташаккули ҳувияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ нигаронида шудааст.
Чунин флешмобҳо дар ҳамаи мактабҳои Остона дар доираи барномаи “Адал азамат” гузаронида шуданд. Барои таҷлили Рӯзи Ҷумҳурӣ дар пойтахт тақрибан 150 чорабинии фарҳангӣ-оммавӣ, таълимӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аксҳо: Ҳокимияти Остона
