Душанбе, 06 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Бохтар марҳилаи нави татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» оғоз меёбад, ки насби камераҳои назорати видеоӣ ва навсозии инфрасохтори роҳро дар бар мегирад. Корҳо аз 5 феврал оғоз мешаванд, иттилоъ дод шаҳрдори Бохтар Абдумаджид Муминзода зимни нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи ӯ, қарор дар пасманзари афзоиши ҳолатҳои бандшавии роҳҳо дар дохили шаҳр қабул гардидааст. Мақомоти шаҳрӣ умедворанд, ки татбиқи низоми муосири назорати видеоӣ ба баланд бардоштани амнияти ҳаракати роҳ ва беҳтар шудани идоракунии ҷараёни нақлиёт мусоидат мекунад.
Лоиҳа насб ва пайваст намудани камераҳои назорати видеоӣ дар тамоми роҳҳои шаҳр — аз даромадгоҳҳои асосии Бохтар то кӯчаҳо ва чорроҳаҳои дохилиро дар назар дорад. Дар баробари ин, як қатор корҳои омодагӣ низ анҷом дода мешаванд.
«Корҳои омодагӣ, аз ҷумла кашидани хатҳои роҳ, насби аломатҳои роҳ ва худи камераҳо, аз панҷ моҳ то як сол идома меёбанд. Ба лоиҳа тамоми роҳҳои шаҳр шомил хоҳанд шуд», — гуфт Абдумаджид Муминзода.
Интизор меравад, ки низом имкон медиҳад вазъи роҳҳо дар реҷаи вақти воқеӣ назорат шуда, ба қонуншиканиҳо фавран вокуниш нишон дода шавад ва сарборӣ дар қитъаҳои мушкил коҳиш ёбад.
Дар доираи лоиҳа ба ҳолати светофорҳо низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Ба гуфтаи шаҳрдор, светофорҳои Бохтар солҳои зиёд навсозӣ нашудаанд, ки боиси аз кор баромадани онҳо дар вақтҳои охир гардидааст.
«Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар давоми ду ҳафтаи наздик ҳамаи светофорҳои шаҳр пурра иваз карда мешаванд», — таъкид намуд ӯ.
Навсозии светофорҳо ҳамчун ҷузъи муҳими низоми «Шаҳри бехатар» арзёбӣ шуда, ба баланд шудани қобилияти гузариши роҳҳо мусоидат хоҳад кард.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки арзиши татбиқи лоиҳа дар Бохтар аз 9 то 18 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми сармоягузорӣ аз хусусияти фарогири лоиҳа дарак медиҳад, ки на танҳо насби камераҳо, балки таҷдиди инфрасохтор ва низоми идоракунии ҳаракатро низ дар бар мегирад.
Пайвастшавии Бохтар ба низоми «Шаҳри бехатар» ҳамчун қадами муҳим дар роҳи рақамикунонии муҳити шаҳрӣ, таҳкими амнияти ҷамъиятӣ ва ташаккули фазои муосири нақлиётӣ арзёбӣ мешавад.
АКС: «Шаҳри бехатар» дар Душанбе
