Душанбе, 06 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон тадриҷан мавқеи худро ҳамчун яке аз самтҳои ҷолиби сайёҳии кӯҳнавардӣ дар ҷаҳон мустаҳкам мекунад. Кишваре, ки зиёда аз 93 фоизи қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ин имконияти табииро ба як захираи стратегии рушди соҳаи сайёҳӣ табдил медиҳад.

Тавре АИ «Корвон Иттилоот» хабар медиҳад, минтақаҳои кӯҳии кишвар имрӯз таваҷҷуҳи афзояндаи сайёҳони хориҷӣ ва кӯҳнавардони касбиро ба худ ҷалб намудаанд. Қуллаҳои баланд, пиряхҳо, дараҳои зебо ва кӯлҳои мусаффо заминаи мусоид барои рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳиро фароҳам меоранд.
Дар ин замина Памир ҷойгоҳи хос дорад — яке аз баландтарин минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон, ки бо номи «Боми ҷаҳон» машҳур аст. Дарозии он тақрибан 800 километр буда, баландии кӯҳҳо аз 5000 то 7000 метр мерасад. Манбаъҳои асосии дарёи Амударё низ маҳз дар ҳамин минтақа ташаккул меёбанд.
Қуллаи рамзии кишвар — пик Исмоили Сомони бо баландии 7495 метр — ҳамасола диққати кӯҳнавардони касбӣ ва дӯстдорони саёҳатҳои кӯҳиро ҷалб мекунад. Бо дастгирии давлат экспедитсияҳои байналмилалӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишвар иштирок мекунанд.
Илова бар Памир, имкониятҳои васеъ дар дигар қаторкӯҳҳо низ мавҷуданд — Кӯҳҳои Фон, қаторкӯҳи Ҳисор, қаторкӯҳи Зарафшон ва Олой. Ин минтақаҳо бо табиати нотакрор ва дастрасии нисбӣ барои сайёҳон фарқ мекунанд.
Омили муҳими дигар — беш аз 70 фоизи аҳолии кишвар дар минтақаҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, ки ин ба рушди сайёҳии этнографӣ низ замина фароҳам меорад.
Соли 2019 кӯҳҳои Памир ба рӯйхати 100 самти беҳтарини ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи фарҳанги миллӣ ва рушди сайёҳӣ ворид гардида, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Бо вуҷуди ин, баъзе мушкилот ҳанӯз боқӣ мемонанд: норасоии роҳбаладони соҳибтаҷриба, сатҳи нокифояи хизматрасонӣ ва маҳдуд будани парвозҳои байналмилалӣ.

Бо мақсади бартараф кардани ин мушкилот, дар кишвар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, рушди инфрасохтор, омодасозии кадрҳо ва ташаккули бренди миллии сайёҳӣ идома дорад. Ҳамчунин, таъсиси базаҳои муваққатии кӯҳӣ дар масирҳои асосии сайёҳӣ пешниҳод мегардад, ки бо тамоми шароити зарурӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар шароити афзоиши таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба сайёҳии экологии устувор, Тоҷикистон имконияти воқеӣ дорад, ки ба яке аз самтҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ табдил ёбад ва ин соҳаро ба як омили рушди иқтисодӣ мубаддал созад.
Акс: mountain.ru
