Остона, 12 августи соли 2025-АИ «Караван инфо». Раёсати бонки Миллии Казокистон тагйиротро ба коидахои талаботи хадди акали захирави (ХАЗ) тасдик намуд, ки тибки он бонкхо вазифадоранд кисми зиёди маблагхои худро дар суратхисобхои Бонки Милли нигох доранд. Ин карор барои сахттар намудани сиёсати пулию карзи ва чилавгири аз таваррум кабул шудааст.

Захирахои хатми маблагхое мебошанд, ки бонкхо наметавонанд барои карздихи ё сармоягузори истифода баранд. Афзоиши ин талабот мархила ба мархила, аз соли 2025 огоз ёфта, пас аз як сол ба анчом мерасад.
• Барои ухдадорихо дар тенге меъёрхо ба 3,5% ва 5% мерасанд.
• Барои ухдадорихои асъори хоричи – то 10% ва 15%.
Дар айни замон, ин нишондихандахо дар Казокистон яке аз пасттарин дар минтака мебошанд, ки мутаносибан 1,3% ва 2,5% – ро ташкил медиханд. Баланд бардоштани меъёрхо барои махдуд намудани афзоиши зиёди массаи пули пешбини шудааст, ки ба андешаи Бонки Милли, дар мубориза бо таваррум кумак мекунад.
Максади асосии Бонки Милли паст намудани таваррум то 5% мебошад. Дар макрорегулятор чунин мешуморанд, ки таваррум паст кобилияти харидории тенге, даромади вокеии ахоли ва устувории иктисодиетро дар мачмуъ дастгири мекунад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода