Душанбе, 03 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Бонки миллии Тоҷикистон купюраҳои ҷашнии ба маблағи 100 сомонӣ-ро ба муомилот баровард, ки ба 25-солагии пули миллӣ — сомонӣ бахшида шудаанд. Дар ин бора АИ «Корвон Иттилоот» бо истинод ба маркази матбуоти Бонки миллӣ хабар медиҳад.

Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, купюраҳои ҷашнӣ аз 30 октябри соли 2025 бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба муомилот бароварда шуданд. Ин иқдом бо ҳадафи таъмин намудани иқтисоди кишвар бо нишонаҳои пулии нав ва таҷассумбахшии санаи муҳими таърихӣ — чоряксолагии пули миллӣ амалӣ гардид.
Купюраи ҷашнӣ рамзи устувории иқтисодӣ ва рушди низоми пулӣ-кредитии кишвар маҳсуб ёфта, тарҳи он фарҳанг, таърих ва меъмории Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Дар тарроҳии он унсурҳои ҳунарӣ ва меъморӣ истифода шудаанд, ки аз тамаддуни куҳан ва маҳорати созандагии халқи тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Купюраҳои ҷашнии 100-сомонӣ дар муомилоти умумӣ бо дигар пулҳои қоғазии ҳамном баробарҳуқуқона истифода мешаванд ва қувваи пардохтӣ доранд.
Ворид намудани ин купюра на танҳо нақши таърихии сомониро дар рушди иқтисоди миллӣ нишон медиҳад, балки ба таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба низоми молиявию бонкии кишвар мусоидат мекунад.
Акс: Бонки миллии Тоҷикистон
