Душанбе, 19 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабарҳои паҳншударо дар бораи норасоии доллари амрикоӣ дар бозори дохилӣ рад карда, изҳор дошт, ки талабот ба асъори хориҷӣ пурра тавассути низоми бонкӣ қонеъ мегардад.

Дар шарҳи матбуотии БМТ таъкид мешавад, ки ташкилотҳои қарзӣ-нақдӣ (ТҚН) асъори нақдро ҳам аз хориҷ ва ҳам аз бозори дохилӣ дастрас мекунанд. БМТ бошад, вобаста ба дархостҳои расмӣ ниёзҳои онҳоро таъмин месозад.
«Барои таъмини ТҚН бо доллари нақд аз ҷониби БМТ ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст. Дархостҳо саривақт ва пурра қонеъ карда мешаванд», – гуфта мешавад дар изҳорот.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки барои фурӯши асъор тавассути нуқтаҳои расмии мубодила ягон талаботи иловагӣ ё маҳдудият муқаррар нашудааст.
Ба иттилои БМТ, дар давраи январ–августи соли 2025 ҳаҷми асъори нақде, ки ба аҳолӣ тавассути ТҚН дода шудааст, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 афзоиш ёфтааст.
Бо ин вуҷуд, танзимгар эътироф мекунад, ки камбуди муваққатӣ метавонад танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ рух диҳад – масалан, дар сурати пурра харҷ шудани маблағи ҷудошуда ё дер расидани асъори нақд. Аммо чунин ҳолатҳо «вазъи воқеиро дар бозор инъикос намекунанд».
Барои ҳифзи ҳуқуқи муштариён, дар хазинаҳои бонкҳо ва воҳидҳои сохтории ТҚН «телефони эътимод»-и БМТ ҷойгир шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд мустақиман ба он муроҷиат кунанд.
Пас аз оғози низоъи Русияву Украина ва гузариш ба истифодаи рубл дар қисми зиёди ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистону Русия, мушкилоти камбуди доллар дар кишвар дигар ба он андозае, ки то соли 2022 дида мешуд, ба назар нарасид.
Аммо моҳҳои охир шаҳрвандон бештар аз набудани доллар дар нуқтаҳои мубодила шикоят доранд, ки ҳамин омил боис ба шарҳи расмии БМТ гардид.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон