Душанбе, 16 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». 14 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ (АБИИ),хонум Цзоу Ҷиайи вохӯрии расмӣ анҷом доданд.

Ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва самтҳои стратегӣ барои рушди минбаъдаи соҳаи инфрасохториро баррасӣ карданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ Президенти Тоҷикистон саҳми АБИИ-ро дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баланд баҳогузорӣ намуда, ба роҳбарияти Бонк барои дастгирии фаъолона изҳори сипос карданд.
Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ яке аз шарикони асосии байналмилалӣ барои кишвар буда, рушди инфрасохтори замонавӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, ҳамчунин пешбурди рушди устувор ва иқтисоди «сабз»-ро дастгирӣ мекунад. Ҷонибҳо ба лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд: сохтмони Неругоҳи Роғун ва таҷдиди Неругоҳи Норак на танҳо истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро тақвият мебахшанд, балки имкониятҳо барои содироти барқ ба кишварҳои ҳамсояро фароҳам меоранд ва ҳамгироии энергетикӣ дар Осиёи Марказиро баланд мебардоранд.
Ҷонибҳо густариши ҳамкориро дар соҳаҳои зерин баррасӣ карданд:
- Энергетика ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсол;
- Инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ;
- Идоракунии захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим;
- Рақамисозӣ ва татбиқи технологияҳои «зирак» барои самаранокии энергетикӣ.
Таъкид гардид, ки ҷалби маблағгузории дарозмуддат, такмили механизмҳои татбиқи лоиҳаҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ заминаи устувори рушди инфрасохтори кишварро фароҳам меоранд.
Таҳкими шарикии стратегӣ бо Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ инчунин аҳамияти минтақавӣ дорад. Татбиқи самараноки лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва нақлиётӣ имкониятҳои нави иқтисодӣ барои Осиёи Марказӣ фароҳам меорад, рушди шабакаҳои трансмарзӣ дар соҳаи энергия ва тиҷоратро тақвият медиҳад ва барои пешбурди рушди устувор ва «сабз» дар сатҳи глобалӣ мусоидат менамояд.
Президенти Тоҷикистон ва Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣомодагии худро ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати судманд таъкид намуда, изҳор карданд, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда ба рушди стратегӣ, тақвияти иқтисоди кишвар ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ такони нав мебахшанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
