Душанбе, 26 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Шӯрои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ 22 январ барномаи бузурги минтақавии «Рушди бозори неруи барқ ва ҳамгироии низомҳои энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ» (REMIT)-ро барои муҳлати 10 сол тасдиқ намуд. Ин ташаббус яке аз лоиҳаҳои амбициозтарин дар самти амиқсозии ҳамкории энергетикӣ дар минтақа ба шумор рафта, заминаи ташаккули нахустин бозори умумии неруи барқро дар таърихи Осиёи Марказӣ мегузорад.

Барномаи REMIT дар се марҳила амалӣ мегардад, ки ҳадафи калидии онҳо рушди шарикии устувор байни кишварҳои минтақа, тавсеаи тиҷорати фаромарзии неруи барқ ва ҳамгироии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба низомҳои миллии энергетикӣ мебошад.
REMIT ба фароҳам овардани шароит барои фаъолияти бозори мутамаркази минтақавии неруи барқ, афзоиши иқтидори гузарони шабакаҳои интиқоли барқ ва ташаккули заминаи техникӣ ва институтсионалӣ барои ҳамгироии густурдаи энергетикаи «сабз» равона шудааст.
Дар доираи марҳилаи аввали барнома Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин Маркази ҳамоҳангсозӣ ва диспетчерии давлатҳои Осиёи Марказӣ «Энергия» барои татбиқи чорабиниҳои аввалиндараҷа грантҳо ва маблағгузории имтиёзнок ба маблағи умумии 143,2 млн доллари ИМА дарёфт хоҳанд кард.
Аз ин маблағ 140 млн доллар аз ҳисоби захираҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (МАР)-и Бонки ҷаҳонӣ ҷудо шуда, боз 3,2 млн доллар дар шакли грантҳои Барномаи обу энергетикаи Осиёи Марказӣ (CAWEP) пешниҳод мегарданд.
Барномаи обу энергетикаи Осиёи Марказӣ (CAWEP) фонди мақсадноки донорӣ буда, аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Швейтсария ва Британияи Кабир идора мешавад. Ин барнома ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва таҳкими амнияти обию энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ равона гардидааст.
Талабот ба неруи барқ дар Осиёи Марказӣ бо суръати баланд меафзояд ва тибқи пешгӯиҳои ҷорӣ, то соли 2050 метавонад се маротиба зиёд гардад. Рушди иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, рушди саноат ва шаҳрнишинӣ ниёз ба энергияи дастрас, боэътимод ва устуворро бештар мекунад.
Дар айни замон, сарфи назар аз иқтидори назаррас, тиҷорати минтақавии неруи барқ маҳдуд боқӣ монда, ҳамагӣ тақрибан 3 фоизи талаботи умумиро ташкил медиҳад. Ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар истеҳсоли неруи барқ танҳо тақрибан 4 фоизро дар бар мегирад, дар ҳоле ки минтақа дорои захираҳои бой ва ҳамдигарпуркунандаи энергияи тоза мебошад.
Барномаи REMIT ба истифодаи самараноки ҳамдигарпуркунандаи захираҳои энергетикии минтақа равона шудааст — иқтидори гидроэнергетикии Қирғизистон ва Тоҷикистон, истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои гармии Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин афзоиши босуръати иқтидори энергетикаи офтобӣ ва бодӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Дар тӯли даҳсолаи оянда REMIT имкон медиҳад:
- ҳаҷми тиҷорати неруи барқ ҳадди ақал то 15 000 ГВт·соат дар як сол афзоиш ёбад;
- иқтидори гузарони хатҳои интиқоли барқ беш аз се маротиба — то 16 ГВт — зиёд гардад;
- ҳамгироии то 9 ГВт иқтидори энергияи тоза ба низомҳои энергетикии кишварҳои минтақа таъмин шавад.
Ин ҳаҷмҳо барои қонеъ гардондани ниёзҳои солонаи миллионҳо сокини Осиёи Марказӣ кофӣ мебошанд.
Ба гуфтаи директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Наҷӣ Бенҳасин, барномаи REMIT талошҳои кишварҳои минтақаро барои амиқсозии ҳамкории энергетикӣ ва ташкили бозори минтақавии неруи барқ дастгирӣ мекунад.
«Ин имкон медиҳад, ки захираҳои энергетикӣ самараноктар истифода шаванд, аз ҷумла тавассути мубодилаи фаромарзии энергияи тоза, эътимоднокии таъминоти барқ баланд гардад, неруи барқ барои аҳолӣ ва соҳибкорон дастрастар шавад ва ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд. То соли 2050 ҳамгироии зичтари энергетикӣ метавонад ба минтақа то 15 млрд доллар фоидаи иқтисодӣ оварад», — таъкид намуд ӯ.
Ҳаҷми умумии тахминии маблағгузории барномаи REMIT 1,018 млрд долларро ташкил медиҳад. Ин маблағҳо ба роҳандозии бозори минтақавии неруи барқ, таҳкими инфрасохтори интиқол, ҷорӣ намудани низомҳои рақамии идоракунии шабакаҳои энергетикӣ ва тақвияти институтҳои минтақавӣ дар бахши энергетика равона карда мешаванд.
Ба гуфтаи директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба инфрасохтор дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Чарлз Кормйе, аллакай дар доираи марҳилаи аввал ҳамгироии тақрибан 900 МВт иқтидорҳои нави энергияи тоза дар назар аст, ки ин имкон медиҳад тақрибан 700 млн доллар сармоягузории хусусӣ ҷалб карда шавад.
Татбиқи барнома бо тақсимоти дақиқи вазифаҳо сурат мегирад:
Маркази ҳамоҳангсозӣ ва диспетчерии «Энергия» масъули чорабиниҳои бозорӣ ва институтсионалӣ хоҳад буд, ширкатҳои миллии интиқоли неруи барқ — барои сармоягузориҳои инфрасохторӣ, ва Кумитаи роҳбарикунандаи минтақавӣ бо иштироки вазоратҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ назорати умумии иҷрои барномаро ба уҳда хоҳад дошт.
АКС: Bright Uzbekistan
