Душанбе, 03 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» дорои хусусиятҳои хос буда, як қатор моддаҳо ва банди нави дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ дар он пешбинӣ шудаанд. Дар ин бора 31 октябр зимни ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Бино ба лоиҳа, барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ — маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг — 29,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ин нишондиҳанда 44 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ва 15,1 фоизи маҳсулоти дохилии нохолисро ташкил медиҳад.
Ин таркиби хароҷот нишон медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат рушди устувори иҷтимоӣ ва таҳкими неруи инсонро ҳамчун меҳвари сиёсати стратегии худ то соли 2040 дар назар дорад.
Баланд бардоштани ҳаҷми маблағгузорӣ барои сохтмон ва таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, боло бурдани маоши омӯзгорон, навсозии барномаҳои таълимӣ, инчунин таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ, таҷҳизонидани беморхонаҳо бо асбобҳои муосир ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи тандурустӣ равона гардидааст.
Ин тадбирҳо ба сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқанд, ки ҳадафи он фароҳам овардани шароити шоиста барои зиндагии шаҳрвандон, рушди минтақаҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ мебошад.
Буҷети давлатии соли 2026 идомаи сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон буда, инсонро ҳамчун меҳвари асосии рушд қарор медиҳад. Таркиби нави буҷет аз талоши давлат барои таъмини устувории молиявӣ, самаранокии хароҷот ва рушди иқтисоди истеҳсолӣ шаҳодат медиҳад.
Тасдиқи ин буҷет қадами муҳиме дар роҳи татбиқи ҳадафҳои миллии рушди устувор ва таҳкими истиқлолияти иқтисодии кишвар хоҳад буд.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
