Чӣ гуна донишҷӯён – навоварон кишварро тағйир медиҳанд: дар Русия даври нави барномаи “Приоритет 2030″оғоз меёбад – ИА Караван Инфо
Чӣ гуна донишҷӯён - навоварон кишварро тағйир медиҳанд: дар Русия даври нави барномаи "Приоритет 2030"оғоз меёбад

МОСКВА, 25 октябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Аз соли аввал донишҷӯёни Русия ба кор дар лоиҳаҳои пешрафта дар тиб, нақлиёт ва экология шурӯъ мекунанд – бо шарофати барномаи “Приоритет — 2030” муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба марказҳои рушди технологӣ табдил меёбанд.

Барномаи Давлатии “Приоритет-2030”, ки соли 2021 оғоз ёфт, ба таъсиси то соли 2030 зиёда аз 100 донишгоҳи пешрафтаи муосир равона шудааст. Ҳоло дар он 141 донишгоҳ аз 56 минтақаи кишвар иштирок мекунанд.

Ба иштирокчиёни барнома грантҳо ва захираҳо барои таҳияи лоиҳаҳои технологӣ ва табдил додани донишгоҳ ба драйвери рушди илмӣ – технологӣ ва иҷтимоӣ – иқтисодӣ ҷудо намуда мешаванд.

Донишҷӯён аллакай таҳқиқот мегузаронанд ва дар соҳаи тиб, рақамисозӣ, нақлиёт ва экология рушд мекунанд.

Дар байни дастовардҳо: зиёда аз 1 300 барномаи нави таҳсилоти шабакавӣ, зиёда аз 430 консорсиум бо ташкилотҳои илмӣ ва зиёда аз 150 миллиард рубл маблағҳои ғайрибуҷетӣ ҷалб намуда шуданд.

Барнома инчунин, ба минтақаҳо диққат медиҳад: донишгоҳҳои минтақавӣ тақрибан 70% субсидия мегиранд, ки ба таҳкими таҳсилот ва кадрҳои берун аз пойтахт мусоидат мекунанд.

Коршиносон қайд мекунанд, ки тавассути муттаҳидсозии донишгоҳ, тиҷорат ва саноат модели нави таҳсилоти олӣ пайдо мешавад: аз донишҷӯён на танҳо омӯзиши назария, балки иштирок дар таҳияи қарорҳои амалӣ барои иқтисодиёт ва ҷомеа интизор аст.

Аксҳо: Манбаъҳои кушода

error: