ОСТОНА, 19 июл АИ «Караван Инфо». Вазорати сайёхи ва варзиши Казокистон хафт тадбири асосии дастгирии давлатиро барои рушди сайёхии дохили ва воридоти, инчунин баланд бардоштани сифати хизматрасонихои сайёхи чори мекунад.

Хамин тавр, давлат 25% харочоти тачхизоти истирохатгоххои лижаронии кухи, аз чумла бардоштхо ва техникаи барфпушро чуброн мекунад. Барои бехтар намудани инфрасохтор дар канори роххо 10% харочоти сохтмони мотелхо, нуктахои фуруши сузишвори ва дигар иншооти хидматрасонии канори рох чуброн намуда мешавад.
Инчунин 10% харочот барои сохтмон ва тачдиди иншооти сайёхи ва 25% барои хариди автобусхо (аз 8 чой) субсидия намуда мешаванд, агар онхо танхо дар сайёхи на камтар аз панч сол истифода шаванд.
Диккати махсус ба сайёхии вуруд. Ба операторони сайёхи барои хар як сайёхи хоричи, агар у дар кишвар на камтар аз чор руз бошад, 15 000 тенге пардохт намуда мешавад.
Барномаи Kids Go Free ба кудакони то 18 — сола имкон медихад, ки дар Казокистон ройгон парвоз кунанд нархи чиптаи хавопаймо пурра пушонида мешавад, агар сафар тавассути оператори сайёхи ба расмият дароварда шавад.
Илова бар ин, хар мох барои нигохдории нуктахои санитари дар минтакахои сайёхи субсидия (83 300 тенге) чудо намуда мешавад.
Ин тадбирхо ба рушди инфрасохтор, афзоиши чараёни сайёхи ва афзоиши чолибияти истирохат дар Казокистон мусоидат мекунанд.
Акс тасвир шудааст, АИ “Караван Инфо”