«Чил калид» — оғози намоишгоҳи ҷолиби санъати тасвирӣ дар Осорхонаи миллӣ – ИА Караван Инфо
«Чил калид» — оғози намоишгоҳи ҷолиби санъати тасвирӣ дар Осорхонаи миллӣ

Душанбе, 06 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз дар Осорхонаи миллӣ маросими ифтитоҳи намоиши бадеӣ таҳти унвони «Чил калид» баргузор шуд. Чорабинӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии фаъолияти омӯзгории Анваршо Сайфудинов бахшида шуда, бо иштироки васеи аҳли илму фарҳанг, санъатшиносон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дӯстдорони санъати тасвирӣ ҷараён гирифт.

Дар қисмати ифтитоҳии расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ, Иброҳимзода Зафаршо Сафо, суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳоро дар муаррифии арзишҳои миллӣ ва рушди санъати тасвирии муосири тоҷик таъкид кард. Қайд гардид, ки намоиши «Чил калид» ҳамчун падидаи назаррас дар ҳаёти фарҳангии кишвар таҷрибаи ғании эҷодӣ ва омӯзгории устод Анваршо Сайфудиновро бозгӯ мекунад.

Сипас, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Наргис Ҳамидова, баромад намуда, саҳми арзандаи устодро дар ташаккул ва рушди мактаби миллии рассомӣ таъкид кард. Ӯ афзуд, ки эҷодиёти Сайфудинов бо хусусиятҳои бадеии хос, ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва пайванди амиқ бо суннатҳои миллӣ фарқ намуда, барои насли ҷавон мактаби ибрат аст.

Намоиш беш аз 172 асари нодирро дар бар мегирад, ки маҳсули заҳмати бисёрсолаи устод ва шогирдони ӯ мебошанд. Меҳвари асосии намоиш мусаввараҳои Анваршо Сайфудинов дар сабки абстраксионизмро ташкил медиҳанд. Асарҳо бо услуби хос, истифодаи моҳиронаи рангҳо ва умқи фалсафии худ ба тамошобин имкон медиҳанд, ки ҷаҳони ботинии ҳунар ва маъноҳои рамзиро дарк намояд.

Ҳамзамон, офаридаҳои шогирдони устод — Муноҷот Бойматова, Давлат Абдуазизов ва Муҳаммадҷон Ҳикматзода — низ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Эҷодиёти онҳо дар жанрҳои гуногуни санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ, аз ҷумла гобелен, кундал ва наққошӣ, идомаи анъанаҳои мактаби рассомии устодро инъикос мекунад.

Намоиши «Чил калид» на танҳо натиҷаи ним асри фаъолияти омӯзгории рассом, балки инъикосгари таҳаввул ва рушди санъати муосири тоҷик дар даврони Истиқлол мебошад. Ҳадафи асосӣ муаррифии мактаби эҷодии Анваршо Сайфудинов ва нишон додани робитаи зичи анъанаҳои миллӣ бо равияҳои муосири ҳунарӣ аст.

Намоиш то 4 майи соли 2026 идома хоҳад кард.

Фото: Осорхонаи миллӣ

error: