Москва, 07 июли соли 2025 – АИ «Караван инфо». Чопон тасмим гирифт, ки аз танишхои афзоянда дар бахри Чануби Чин канорагири накунад ва омода аст, ки як партияи киштихои чангии собики худро ба Филиппин супорад.
Сухан дар бораи шаш киштии нобудкунандаи эскорти синфи “Абукума” меравад, ки зиёда аз се дахсола дар нерухои бахрии Худмудофиаи Чопон хидмат намудаанд. Дар ин бора Нашрияи чопонии Yomiuri хабар медихад.

Гарчанде, ки киштихо кайхо аз навбатдории чанги хорич намуда шуда буданд, интиколи онхо хамчун як кисми стратегияи чилавгири аз афзоиши нуфузи бахрии Чин дар минтака барраси мешавад.
Карор натичаи созишнома байни вазирони мудофиаи Чопон Ген Накатани ва Филиппин Гилберто Теодоро буд, ки мохи июн дар мулокот дар Сингапур ба даст омад. Тобистони соли равон чониби филиппин санчиши киштихоро мегузаронад, ки пас аз он созишнома метавонад ба таври нихои имзо намуда шавад.
Вазорати мудофиаи Чопон дар бораи ин созишнома шархи расми надод, аммо худи омодасозии интикол наздикшавии низомии ду кишварро тасдик мекунад, ки хардуи онхо иттифокчиёни калидии ИМА дар минтакаи Осиё ва Укёнуси Ором хисобида мешаванд.
Интиколи киштихо, ба гуфтаи тахлилгарон, на танхо як ишораи иродаи нек, балки як сигнали возех ба Пекин аст: дар бахри Чануби Чин эътилофи зичи зидди чин сохта мешавад. Хусусан дар пасманзари шиддат гирифтани бахсхо дар атрофи архипелагхои бахсбарангез ва ходисахои ахири бахри бо иштироки флоти чин ва киштихои филиппин.
То хол на Вазорати корхои хоричии Чин ва на намояндагони нерухои мусаллахи Филиппин дар бораи ин ходиса шарх надодаанд. Аммо як чиз аён аст: Минтакаи Укёнуси Ором ба арсаи ракобати геополитикии торафт шадидтар табдил меёбад, ки дар он киштихои кухна накши нав мегиранд — рамзи муковимати стратеги шудан.
Аксхо аз манбаъхои кушода