Чопон пас аз суикасд ба президенти собики ИМА чорахои амниятиро барои сиёсатмадорон таквият хохад дод – ИА Караван Инфо
Чопон пас аз суикасд ба президенти собики ИМА чорахои амниятиро барои сиёсатмадорон таквият хохад дод

Идораи Марказии Полиси Чопон тасмим гирифт, ки пас аз хамла ба Президенти собики ИМА Доналд Трамп чорахои амнияти ва мухофизатиро барои сиесатмадорон сахттар кунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии чопон NHK хабар дод.

Тадбирхои нави амнияти ба баргузории суханронихои оммавии сиесатмадорон дар саросари кишвар дахл доранд, ба амнияти тамошобинон диккати махсус дода мешавад. Идораи марказии полис аз шуъбахои минтакави даъват намуд, ки барои таъмини хифзи хаёти сиёсатмадорон хангоми баромадхо аз чузъгирхои (папка) зирехпуш ва панохгоххо истифода баранд.

Ин тасмим дар пасманзари руйдодхои фочиабори Чопон, аз чумла куштори сарвазири собик Синдзо Абэ хангоми суханрони дар мохи июли соли 2022 ва хамчунин суикасд ба сарвазири феъли Фумио Кисида дар мохи апрели соли гузашта гирифта шудааст. Пас аз ин ходисахо, чорахои иловагии амнияти, аз кабили тафтиши ашёи шахси, гузаштан аз чахорчуба ва зиёд намудани масофаи байни баромадкунандагон ва тамошобинон чори намуда шуданд. Аммо пас аз суикасд ба Д .Трамп тасмим гирифта шуд, ки чорахои амниятиро барои пешгири аз такрори чунин ходисахо дар Чопон таквият дихад.

Аксхо: AP Photo / Junji Kurokawa

error: