Душанбе, 17 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Соли 2028 пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе — мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об хоҳад шуд. Ин рӯйдоди сатҳи баланд на танҳо идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об аст, балки нишонаи эътирофи нақши кишвар ҳамчун яке аз пешсафони дипломатияи об дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Тибқи иттилои АИ «Корвон Иттилоот», баргузории ин конфронс марҳилаи нави ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои обу иқлимро фароҳам меорад ва Тоҷикистонро ба яке аз марказҳои асосии муҳокимаи рӯзномаи ҷаҳонии об табдил медиҳад.
Аҳамияти махсуси Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2028 дар он зоҳир мегардад, ки он дар марҳилаи ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» баргузор мешавад. Дар чорчӯби конфронс натиҷаҳои ниҳоии амалишавии ҳадафҳои ин даҳсола мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор хоҳанд гирифт.
Ин даҳсола, ки бо ибтикори Тоҷикистон эълон гардида буд, ба масъалаҳои дастрасӣ ба оби тоза, беҳдошт, мудирияти устувори захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян, ки моҳи июни соли равон бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, сатҳи баланди ин чорабиниро таъкид намуда, иброз дошт, ки:
«Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2028 дар Тоҷикистон бо рӯйдодҳои сатҳи олӣ, ки ҳамасола моҳи сентябр дар Ню-Йорк бо иштироки ҳайатҳои баландпояи кишварҳои ҷаҳон баргузор мешаванд, қобили муқоиса мебошад».
Ин арзёбӣ нишон медиҳад, ки Душанбе дар соли 2028 ба яке аз майдонҳои калидии мулоқоти сиёсии ҷаҳонӣ табдил меёбад.
Дар давоми беш аз 20 соли охир бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои об-ро қабул намудааст. Маҳз ҳамин ташаббусҳо замина фароҳам оварданд барои:
- эълон гардидани соли 2003 — Соли оби тоза;
- эълон гардидани соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об;
- татбиқи ду Даҳсолаи байналмилалии амал —
«Об барои ҳаёт» (2005–2015) ва «Об барои рушди устувор» (2018–2028).
Ин силсилаи ташаббусҳо Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои калидӣ дар ташаккули сиёсати ҷаҳонии об табдил дод.
Ҳамаи ин иқдомҳои созанда ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об, беҳдошт, амнияти озуқаворӣ ва иқлим дар сатҳҳои глобалӣ ва минтақавӣ равона шудаанд. Дар шароите, ки норасоии об ва тағйирёбии иқлим ба яке аз хатарҳои асосии асри XXI табдил ёфтааст, таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари сарчашмаи захираҳои обии минтақа аҳамияти хосса пайдо мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки мушкилоти ҷаҳонии об танҳо тавассути ҳамкории дастаҷамъона ҳалшавандаанд. Дар яке аз суханрониҳояшон Сарвари давлат чунин иброз доштанд:
«Таҷрибаҳои қаблӣ исбот карданд, ки танҳо дар ҳамдастӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои мардуми сайёра зиндагии шоистаро таъмин намояд».
Ҳамзамон, Президенти мамлакат зарурати тағйири муносибат ба захираҳои обро таъкид намуда, гуфтаанд:
«Моро лозим аст, ки дид ва муносибати худро нисбат ба муҳимтарин манбаи ҳаёт — захираҳои об тағйир дода, мудирияти онро ба шакли нави самаранок ва бо усулҳои навоварона ба роҳ монем».
Бо баргузории Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2028 Душанбе на танҳо мизбони як чорабинии бузурги байналмилалӣ, балки минбари ташаккули қарорҳои сарнавиштсози ҷаҳонӣ дар соҳаи об хоҳад шуд. Ин рӯйдод мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари масъул, ташаббускор ва эътимодбахши ҷомеаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.
СММ дар Тоҷикистон / Д. Садуллоев.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш бо ҷавонон дар Озмоишгоҳи навоварии наврасон дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон мулоқот мекунад.
