Дар Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саммити ЮНЕСКО оид ба резолюсияи «Манифести Кира» баргузор шуд – ИА Караван Инфо
Дар Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саммити ЮНЕСКО оид ба резолюсияи «Манифести Кира» баргузор шуд

Душанбе, 12 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронсияи илмӣ-назари баргузор шуд, ки ба қабули резолюсияи ЮНЕСКО таҳти унвони «Манифести Кира: хартияи аввали ҳуқуқи инсон ва гуногунии фарҳангӣ» бахшида шуда буд. Дар ин чорабинӣ олимон ва муҳаққиқон барои баррасии аҳамияти таърихӣ ва замонавии Декларация Кираи Кабир ҷамъ омада, фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.

Дар конфронс мавзӯъҳои гуногуни марбут ба Декларация Кираи Кабир ва аҳамияти он дар замони муосир муҳокима гардид, ҳамзамон нақши Пешвои миллат дар муаррифии сазовори арзишҳои таърихии халқи тоҷик таъкид шуд.

Гуфтанист, ки Декларация Кираи Кабир яке аз манобеи боарзиши таърихии халқи тоҷик буда, нақши муҳим дар дарки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дорад. Бар асоси ин ҳуҷҷати таърихиву ҳуқуқӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор барои таҳкими адолат ва эҳтироми ҳуқуқи инсон гузоштааст.

Таъкид гардид, ки 6 ноябри соли 2025 дар 43-юмин сессияи ЮНЕСКО ин резолюсия қабул шуд, ки бо Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзӣ мувофиқат мекунад. Декларация Кираи Кабир заминаи рушди қонунгузории на танҳо халқи тоҷик, балки дигар ҷомеаҳо низ мебошад. Имрӯз аҳамияти он бо дастгирӣ ва ташаббусҳои дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сатҳи байналмилалӣ ба таври сазовор муаррифӣ гардидааст.

Дар рафти муҳокимаи илмӣ иштирокчиён пешниҳод карданд, ки устодон ва муҳаққиқони факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳқиқоти амиқи илмиро оид ба меъёрҳои Декларация Кираи Кабир анҷом дода, натиҷаҳои онро дар як монографии коллективӣ нашр намоянд.

Қабули ин резолюсия ба тақвияти арзишҳои умумибашарӣ, густариши фаҳмиши байнифарҳангӣ, рушди муколамаи фарҳангҳо ва муаррифии сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

АКС: Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: