Душанбе, 13 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Душанбе яке аз куҳансолтарин сокинони кишвар — Басимо Тураева — зиндагӣ мекунад. Тибқи ҳуҷҷатҳо, ҳоло ӯ 121-сола аст ва пас аз ду моҳ 122-солагии худро ҷашн мегирад. Бо вуҷуди синни хеле баланд, ин зани куҳансол ҳанӯз дар иҳотаи фарзандону наберагон зиндагӣ карда, ба онҳо аз рӯзгори худ қисса мекунад.

Як сол пеш «Азия-Плюс» дар бораи зиндагии ин зан гузориш омода карда буд. Он вақт ӯ 120-сола буд. Ба муносибати Рӯзи модар журналистон тасмим гирифтанд боз аз вазъи саломатии ӯ хабар гиранд.
Ҳоло Басимо Тураева дар Душанбе бо фарзандон ва наберагонаш зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи писараш Мирзоалӣ Ғадоев, саломатии модараш дар маҷмӯъ хуб аст, ҳарчанд синну сол таъсири худро мерасонад.
«Модарам дар ҳалқаи фарзандону наберагон зиндагӣ мекунад. Аз саломатӣ шикоят намекунад, танҳо каме фаромӯшхотир шудааст ва шунавоияш сусттар гаштааст. Ӯ назди печка менишинад, телевизор тамошо мекунад ва баъзан ба ҳавлӣ мебарояд. Барои он ки дилгир нашавад, мо ба дидораш меравем ё ӯро ба меҳмонии хешовандон мебарем», — гуфт ӯ.
Басимо Тураева оилаи бисёр калон дорад: 7 фарзанд ва тақрибан 210 набера, абера ва чабера.
Ба гуфтаи наздиконаш, ин зани куҳансол аз саломатӣ кам шикоят мекунад. Агар ягон дард пайдо шавад, ӯ дору истифода намекунад, балки аз гиёҳҳои шифобахш истифода мебарад.
Ғизои ӯ низ хеле содда аст. Вай бештар хӯрокҳои сабук — кашк, атола, ширчой ва шӯрбо мехӯрад. Ҳамчунин мева ва меваи хушкро дӯст медорад. Ба гуфтаи фарзандонаш, иштиҳои ӯ хуб аст ва ба саломатии худ диққат медиҳад. Бо вуҷуди синни хеле баланд, Басимо Тураева хуб суҳбат мекунад ва то ҳол ба наберагонаш аз рӯзгори худ қиссаҳо мегӯяд.
Тибқи маълумоти ҳуҷҷатӣ, Басимо Тураева 6 майи соли 1904 дар деҳаи Чашмаи Бедаки ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст.
Ба гуфтаи худи ӯ, сирри дарозумрӣ дар тарзи ҳаёти оддӣ ва ғизои солим аст. Вай борҳо гуфтааст, ки дар тамоми умраш ҳеҷ гоҳ доруи таблетка нахӯрдааст.
Бино ба маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то моҳи феврали соли 2026 дар кишвар 239 нафар аз синни 100 боло зиндагӣ мекарданд.
Дар ҳамин ҳол, давомнокии миёнаи умр дар Тоҷикистон 76,6 сол мебошад, ки зиндагии тӯлонии Басимо Тураеваро боз ҳам ҷолиб ва нодир мегардонад.
Дар акс: Басимо Тураева бо писараш
Акс: Asia-Plus
