Дар Алмаато ҷаласаи 25-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамоти гумруки ИДМ баргузор гардид – ИА Караван Инфо
Дар Алмаато ҷаласаи 25-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамоти гумруки ИДМ баргузор гардид

Алмаато, 16 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Алмаато ҷаласаи 25-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор шуд. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти гумрук аз Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

Раиси Агентии мониторинги молиявӣ Жанат Элиманов қайд намуд, ки қочоқ ба амнияти иқтисодии кишварҳои ИДМ таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад. Вай таъкид намуд, ки мубориза бо он мубодилаи доимии иттилоот ва амалҳои ҳамоҳангшударо талаб мекунад.

Дар ҷаласа мушкилоти мубрами муқовимат ба қочоқ, аз ҷумла истифодаи технологияҳои муосир ва нақшаҳои нави интиқоли ғайриқонунии молҳо баррасӣ шуданд. Ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷриба ва таҳияи чораҳои муштарак диққати махсус дода шуд.

Аксҳо: AFM ҶҚ

error: