Дар Алмаато фестивали робототехника барои мактаббачагон оғоз ёфт
Алмаато, 6 январи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Дар Алмаато аз 4-ум то 6 –уми январ фестивали робототехникаи Daryn First Qualifier 2026 баргузор мешавад. Дар он тақрибан 200 даста – зиёда аз 1500 мактаббачаи аз 4 то 18 – сола иштирок мекунанд.

Чорабинӣ ба рушди тафаккури муҳандисӣ, малакаҳои барномасозӣ ва кори лоиҳа дар байни кӯдакон нигаронида шудааст.
Ғолибони фестивал ҳуқуқи иштирок дар марҳилаҳои ниҳоии барномаи байналмилалии FIRST-ро ба даст меоранд.
Аксҳо: Вазорати Маорифи ҶҚ
