
Алмаато, 28 майи соли 2025 – АИ Караван Инфо. Дар Алмаато форуми «Чавонон – кувваи пешбарандаи дигаргунихо: муколама ба номи таъсир » барпо гардид. Чорабини дар чахорчуби сафари ёвари дабири кулли СММ оид ба чавонон Фелипе Паулиера ба шахр ташкил шудааст. Дар форум Сафир оид ба супоришхои махсус – Рохбари Намояндагии Вазорати корхои хоричии Чумхурии Казокистон дар Алмаато Чанибек Абдрашов иштирок намуда, сухани ифтитохи дод.
Жанибек Абдрашов пойбандии Казокистонро ба рузномаи чахонии чавонони СММ тасдик намуд. Вай ахамияти хамкори бо дафтари кор бо чавонони СММ дар бахшхои калиди, аз кабили ракамисози, маориф ва солимии равониро таъкид намуд.
Дипломати казок хамчунин таваччухро ба зарфияти Маркази минтакавии навтаъсиси СММ оид ба Хадафхои Рушди Устувор барои кишвархои Осиёи Маркази ва Афгонистон, вокеъ дар Алмаато чалб намуд. Номбурда кайд намуд, ки ин марказ метавонад як платформаи мухими хамкорихои минтакавии чавонон гардад, ки ба табодули тачриба ва татбики лоихахои муштарак чихати ноил шудан ба рушди устувор дар минтака мусоидат намояд.
Сурат: ВКХ ЧК