ОСТОНА, 26 сентябр АИ «Караван Инфо». Дар заминаи донишгоҳи миллии аграрии тадқиқотии Қазоқистон бо дастгирии академияи Миллии илмҳо ва донишгоҳи Қазоқистон-Олмон Институти “Nexus” таъсис дода мешавад. Маркази нав бо таҳияи қарорҳои мукаммал дар соҳаи идоракунии замин, захираҳои об, энергетика ва ҳифзи гуногунии биологӣ машғул шуда, иқтидори илмии Қазоқистон ва шарикони байналмилалиро муттаҳид мекунад.

Ташаббус бо дастгирии стратегии Фонди Ханс Зайдел амалӣ намуда мешавад. Институт ба тадқиқоти байнисоҳавӣ, тайёр намудани мутахассисон ва рушди ҳаракати байналмилалии академикӣ равона намуда шудааст.
Самтҳои асосии кор таҳияи сиёсатҳо дар соҳаи истифодаи устувори замин ва идоракунии об, ҷорӣ намудани системаҳои рақамии мониторинги захираҳо, тайер намудани кадрҳо барои кор дар шароити тағйирёбии иқлим, инчунин паҳн намудани амалияҳо оид ба мубориза бо таназзули замин ва биёбоншавӣ мебошанд.
Фонди Ханс Зайдел ба институт дастгирии экспертӣ ва молиявӣ мерасонад, ки ба оғози барномаҳои тадқиқотӣ ва лоиҳаҳои таълимӣ мусоидат мекунад. Таъсиси “Nexus” қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории қазоқистону олмон ва ташаккули инфрасохтори илмӣ барои рушди устувори Осиёи Марказӣ буд.
Сурат: НАН ҶҚ