Алмаато, 28 апрели соли 2025 – АИ Караван Инфо. Дар Алмаато вохурии шашуми Вазирони корхои хоричии формати Осиёи Маркази – Чин баргузор гардид, ки дар он рохбарони идорахои сиёсати хоричии Казокистон, Чин, Киргизистон, Точикистон, Узбекистон, инчунин намояндаи Туркманистон иштирок намуданд.

Таваччухи асоси ба масъалахои тахкими муколамаи сиёси, густариши робитахои тичоративу иктисоди, рушди робитахои наклиёти, муборизаи муштарак бо чолишхо ва тахдидхо, инчунин рушди устувор ва амнияти экологи дар минтака равона намуда шуд. Иштирокчиён пешниходхоро оид ба такмили хамкорихои бисёрчонибаи Кишвархои Осиёи Маркази бо Чин дар асоси принсипхои эхтироми мутакобила ва баробархукуки барраси намуда, зарурати равишхои мутавозин ба мушкилоти муосирро таъкид намуданд.
Вазири корхои хоричии Казокистон Мурат Нуртлеу дар суханронии худ ахамияти тахкими формати “Осиёи Маркази – Чин” – ро кайд намуда, ба густариши минбаъдаи хамкори дар сохахои калиди барои таъмини субот дар минтака таваччух зохир намуд. Вай изхори бовари намуд, ки ин формат дар байни механизмхои Осиёи Маркази+ флагман хохад буд ва мулокоти дарпешистодаи рохбарон сахифаи навро дар муносибатхои байни кишвархо боз мекунад.
Иштирокчиёни чаласа омодагии худро ба вохурихои мунтазам дар ин формат изхор намуда, ахамияти идомаи муколамаи созандаро дар шароити чолишхои глобали, рушди робитахо ва хамохангсозии кушишхо дар самтхои афзалиятнок таъкид намуданд. Дар натичаи мулокот як коммюникеи Иттилооти кабул намуда шуд, ки тарафдории умумиро ба принсипхои хамсоягии нек, рушди устувор ва амик намудани хамкории бисёрчониба дар доираи формати Осиёи Маркази Чин мустахкам намуд.
Аксхо: ВКХ ЧК