Дар Қазоқистон 17 ҳазор км хатҳои барқ иваз намуда мешаванд – ИА Караван Инфо
Дар Қазоқистон 17 ҳазор км хатҳои барқ иваз намуда мешаванд

Петропавловск, 5 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Дар Қазоқистон барои таъмири иншооти энергетикӣ 376 миллиард тенге равона намуда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 13 фоиз зиёд аст. Корҳо иваз намудани хатҳои интиқоли барқро бо дарозии умумии 17 ҳазор км дар бар мегиранд. Дар ин бора Вазорати энергетикаи кишвар хабар дод.

Дар доираи маъракаи таъмирӣ 420 зеристгоҳ, 3,5 ҳазор нуқтаи тақсимот ва зеристгоҳҳои трансформаторӣ таъмир намуда мешаванд. Ба наздикӣ таъмири асосии зеристгоҳи 35/10 кВ Фурмановская дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ ба анҷом расид.

Корҳои таъмирӣ эътимоднокӣ ва бехатарии таъминоти барқро баланд мебардоранд, хатари садамаҳоро коҳиш медиҳанд ва кори устувори системаи энергетикиро дар давраи тирамоҳу зимистон таъмин мекунанд.

Аксҳо: Вазорати Энергетикаи ҶК

error: