Дар Қазоқистон баҳодиҳии омодагӣ ба истифодаи ЗС аз рӯи методологияи ЮНЕСКО-ро оғоз намуданд – ИА Караван Инфо
Дар Қазоқистон баҳодиҳии омодагӣ ба истифодаи ЗС аз рӯи методологияи ЮНЕСКО-ро оғоз намуданд

Остона, 20 январи соли 2026 АИ «Караван инфо». Дар Қазоқистон лоиҳаи арзёбии омодагии миллӣ барои истифодаи зеҳни сунъӣ аз рӯи методологияи ЮНЕСКО оғоз ёфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҶҚ хабар дод.

Лоиҳа дар доираи соли рақамисозӣ ва ЗС оғоз ёфт. Он таҳлили ҳамаҷонибаи экосистемаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва технологии зеҳни сунъиро дар кишвар пешбинӣ мекунад.

Барои татбиқи лоиҳа гурӯҳи кории Миллӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои асосӣ, илм, тиҷорат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил намуда шуд. Дар натиҷаи тадқиқот тавсияҳо барои ташаккули экосистемаи инсонмарказии ЗС таҳия намуда мешаванд.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ

error: