Остона, 16 марти соли 2026 АИ «Караван Инфо». Бо супориши президент Қасим-Жомарт Токаев институти илмӣ – тадқиқотии Қазоқии баҳри Каспий таъсис дода шуд. Муассиса моҳи сентябри соли 2025 ба кор шурӯъ намуд.

Мақсади асосии институт гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар бахши қазоқистони Каспий, ҳифз ва такрористеҳсоли захираҳои табиӣ, рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои илмии давлатҳои наздикаспиӣ мебошад.
Институт ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳо ва марказҳои илмии кишварҳои каспий дохил шуд. Ҳамкорӣ бо идораҳои профилӣ ва ташкилотҳои илмии Озарбойҷон ва Русия ба роҳ монда шудааст. Дар Боку, Астрахан ва Москва вохӯриҳо баргузор шуданд.
Дар Москва меморандум дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ бо институти давлатии океанографии ба номи Зубов ва Институти океанологияи ба номи Ширшов ба имзо расид. Ҳуҷҷат ба рушди таҳқиқоти муштарак нигаронида шудааст.

Олимон се экспедитсияро барои назорати қаъри Хушкшудаи Каспий дар минтақаи МАЭК, халиҷҳои Саритас ва Кайдак гузарониданд. Таҳияи нашрияҳои илмӣ, аз ҷумла таъсири тағйирёбии сатҳи баҳр ба режими гидрологии делтаи Жайик ва мушкилоти мониторинги муҳити баҳрӣ идома дорад.
Соли 2026 институт мониторинги комплексиро бевосита дар акваторияи баҳр ба нақша гирифтааст. Тадқиқотҳо мушоҳидаҳои системавии параметрҳои гидрометеорологӣ, гидрохимиявӣ ва гидробиологиро дар бар мегиранд. Ин заминаи илмиро барои арзёбии тағйирот дар экосистема ва муайян намудани хатарҳои экологӣ фароҳам меорад.
Аксҳо: Вазорати Экология ва захираҳои табиии ҶҚ
