Дар Қазоқистон дар соли 2025 беш аз 20 ҳазор гумшуда ёфт шуданд
Остона, 6 январи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Соли 2025 полиси Қазоқистон макони беш аз 20 ҳазор нафарро, ки гумшуда ҳисобида мешуданд, муайян намуд. Аз ин шумора зиёда аз 6 ҳазор нафар кӯдакон мебошанд. Дар ин бора дар ВКД хабар доданд.

Дар як сол беш аз 1600 нафар дар ҷустуҷӯи ҷиноятҳо боздошт шуданд.
Илова бар ин, 156 шаҳрванди аз адолат пинҳоншударо берун аз Қазоқистон ҷустуҷӯ ва дастгир намуданд. Бо дархости дигар кишварҳо дар ҳудуди ҶҚ 639 нафари дигар боздошт шуданд.
Сурат: ВКД ҶҚ
