Дар Қазоқистон гармшавии шадид то +14°C интизор аст – ИА Караван Инфо
Дар Қазоқистон гармшавии шадид то +14°C интизор аст

Остона, 8 январи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Рӯзҳои наздик дар Қазоқистон гармшавии шадид дар назар аст. Тибқи пешгӯии “Казгидромет”, дар ҷануби кишвар ҳарорати рӯзона метавонад ба +14°C бирасад.

Дар ғарб рӯзона то +8°C, дар марказ то +6°C, дар ҷанубу шарқ то +12°C интизор меравад. Дар  шимол ва шарқ сардиҳои рӯзона аз -2°C то -13°C нигоҳ дошта мешаванд.

Дар ғарб, шимолу ғарб ва шимоли кишвар боришот дар шакли борон ва барф пешгӯӣ намуда мешавад, яхбандӣ ва барфи зиёд имконпазир аст.

Аксҳо: freepik / jannoon028

error: