Алмаато, 13 январи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Дар Satbayev University хатти таҷрибавӣ – саноатии истеҳсоли панелҳои офтобӣ оғоз ёфт. Истеҳсолот дар якҷоягӣ бо ширкати “ТехноГруппСервис” ташкил намуда шудааст ва метавонад модулҳои дорои иқтидори то 150 мегаватт дар як сол истеҳсол кунад.

Панелҳои истеҳсоли қазоқистон ба шароити иқлими кишвар мутобиқ намуда шудаанд, бо самаранокии баланд ва мӯҳлати тӯлонии хидмат фарқ мекунанд. Онҳо ҳам барои корхонаҳои саноатӣ ва ҳам барои хонаҳои хусусӣ мувофиқанд.
“Мо пайваста барои баланд бардоштани эътимоднокии унсурҳо кор карда истодаем” гуфт роҳбари лоиҳа, олим Николай Чучвага. Вай илова намуд, ки коллектив инчунин технологияҳои перовскитӣ ва батареяҳои ванадийро таҳия мекунад.

Лоиҳа ба қонеъ намудани ниёзҳои бозори дохилӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти ҷузъҳо нигаронида шудааст.
Аксҳо: Вазорати илм ва ТО ҶҚ
