Дар Қазоқистон ягон ҳолати сироятёбии вируси Нипах ба қайд гирифта нашудааст – ИА Караван Инфо
Дар Қазоқистон ягон ҳолати сироятёбии вируси Нипах ба қайд гирифта нашудааст

ОСТОНА, 27 январ АИ «Караван инфо». Дар Қазоқистон ягон ҳолати сироятёбӣ бо вируси Нипах, инчунин далелҳои воридоти он сабт нашудааст. Вазъи эпидемиологии кишвар мӯътадил боқӣ мемонад ва таҳти назорати доимии мақомоти тандурустӣ қарор дорад.

Дар айни замон, бо мақсади пешгирикунанда, бо назардошти вазъи ин вирус дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла дар Ҳиндустон, Вазорати тандурустии ҶҚ назорати санитарӣ – карантиниро дар ҳамаи нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ тақвият дод. Таваҷҷуҳи зиёд ба шаҳрвандоне, ки аз Кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ меоянд, ки дар онҳо ҳолатҳои беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, равона намуда шудааст. Рӯйхати кишварҳои номусоид мунтазам аз нав дида баромада мешавад.

Ташкилотҳои тиббӣ ба омодагии баланд оварда шуданд: кори бригадаҳои ёрии таъҷилӣ ва статсионарҳои сироятӣ таъмин намуда шуд, захираҳои зарурии доруҳо, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва дезинфексия ташкил намуда шуданд.

Ба шаҳрвандоне, ки ба минтақаҳои эндемикӣ сафар намуданӣ ҳастанд, тавсия дода мешавад, ки чораҳои пешгирии шахсиро риоя кунанд. Агар нишонаҳо пас аз бозгашт пайдо шаванд, бояд фавран ба духтур муроҷиат намуд ва дар бораи кишвари будубош хабар дода шавад.

Аксҳо: НСОЗ

error: