Дар Қазоқистон нархи молҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим муътадил гардид – ИА Караван Инфо
Дар Қазоқистон нархи молҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим муътадил гардид

Остона, 15 январи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Нархи маҳсулоти озуқавории аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим дар Қазоқистон дар сатҳи соли гузашта боқӣ мемонад. Дар ин бора Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон хабар додааст.

Аз 4 январ номгуи ин гуна молхо аз 19 ба 31 номгуй васеъ карда шуд. Ба он бодиринг, помидор, себ, чой, қаймоқ, мохӣ ва навъхои гуногуни гушт дохил мешуд. Дар охири ҳафтаи аввали сол индекси нархҳо барои онҳо 0,2 фоизро ташкил дод, ки ба ҳамин давраи соли 2025 рост меояд.

Баъзе ашёи нав, аз қабили себ, бодиринг, панири сахт ва чой аллакай каме коҳиш ёфтани нархро сабт кардаанд. Назорати давлатй аз болои риояи маржаи савдо на бештар аз 15 фоиз давом дорад.

Сурат: МТИ ҶҚ

error: