МОСКВА, 22 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Аз санаи 4 то 6 сентябр дар Челябинск фестивали Байналмилалии кинои хуччатии RT Док: «Замони кахрамонони мо» баргузор мешавад. Дар барнома ба тамошобинон 14 филм дар бораи Донбасс, аз чумла се премера пешниход намуда мешавад.
Намоишро лентаи Артём Сомов ва Руслан Гусаров “Танхо. Майдон. Чанговар», ки ба сапёри Догистони Закариё Алиев, ки бо номи “Смайлик” маъруф аст, бахшида шудааст, ки се хафта танхо нуктаи такягохро дар вилояти Запороже химоя намуд ва зинда монд – мекушояд.

Премераи филми дигар “Поток”-и Юлия Мартовалиева ва Абос Али-Зода дар бораи руйдодхои озодкунии шахри Суджа дар вилояти Курск хохад буд. Инчунин лентаи “Позивной Буханка” -и Руслан Гусаров ва Артём Сомов, ки ба мошини афсонавии УАЗ-452 бахшида шудааст, ки рамзи фронт гардид, нишон дода мешавад.
Ба хотираи хабарнигори харбии РИА Новости Ростислав Журавлёв, ки тобистони соли 2023 дар вилояти Запороже кушта шуд, диккати махсус дода мешавад. Филмро дар ин бора продюсер Инна Танашева омода намудааст.
Барномаи фестивал бахсхои панелиро дар бар мегирад: “Вакти ватандустон”-вакти амал”, ки ба мутобиксозии чангиёни собики АММ ба хаёти осоишта бахшида шудааст ва “Шикастани мухосираи иттилооти” бо иштироки журналистони итолиёви Винчентсо Лоруссо ва Элизео Бертолази.
Инчунин мухокимахои “Фарханги замони кахрамонхо” ва “Чиноятхои режими Киев” баргузор мешаванд, ки дар он накши кинои хуччати дар сабти хакикати таърихи мухокима намуда мешавад.
Дар байни иштирокчиён сафир бо супоришхои махсуси ВКХ-и Русия Родион Мирошник ва намояндаи ваколатдори президенти ФР дар округи федералии Урал Артём Жога.
МАЪЛУМОТ: Фестивали RT.Док ба хуччатгузории руйдодхои амалиёти махсус ва кахрамонии иштирокчиён равона намуда шудааст, ки кахрамони, таърих ва такдири хизматчиёни харбии муосирро равшан мекунад.
Вай журналистони касбии харби, коргардонхо ва коршиносони байналмилалиро барои табодули тачриба ва мухокимаи накши филми хуччати дар ташаккули хотираи таърихи чамъ меорад.
Аксхо: Шарикони АИ Караван Инфо