Дар доираи Саммити Сарони Давлатхои Осиёи Маркази + Чопон хуччатхо ба имзо расиданд – ИА Караван Инфо
Дар доираи Саммити Сарони Давлатхои Осиёи Маркази + Чопон хуччатхо ба имзо расиданд

Форуми тичоратии Осиёи Маркази + Чопон дар доираи Саммити Сарони давлатхои Осиёи Маркази + Чопон дар Остона баргузор шуд. Дар он Муовини Аввали раиси кумитаи давлатии сармоягузори ва идоракунии амволи давлати Фаррух Юсуфзода иштирок намуд, хабар медихад маркази матбуотии кумита.

Форум бо иштироки зиёда аз 350 ширкати Осиёи Маркази ва Чопон баргузор шуд, ки дар он масъалахои мубрами тахкими робитахои тичоратию иктисоди ва сармоягузори байни кишвархои минтака ва Чопон барраси шуданд.

Иштирокчиён аз 6 кишвар рушди сармояи инсони ва системахои молиявиро барраси намуданд. Сухангуён зарурати хамкории байналмилали ва табодули тачрибаро барои ноил шудан ба рушди устувор ва тахкими суботи молияви дар кишвархои минтака таъкид намуданд.

Дар доираи чорабини 22 хуччат дар сохахои энергетика ва мухити зист, наклиёт ва логистика, ракамисози, маориф, мошинсози, тиб ва сайёхи ба имзо расид.

Форум барои табодули тачриба ва тачрибахои бехтарин байни намояндагони бахшхои гуногуни иктисодиёт имконияти беназир фарохам овард. Иштирокчиёни чорабини изхори бовари намуданд, ки натичахои форум ба тахкими минбаъдаи хамкори байни Осиёи Маркази ва Чопон такони нав мебахшанд ва ба рушди иктисоди ва рушди устувор дар минтака мусоидат мекунанд.

Аксхо: кумитаи Давлатии сармоягузори ва идоракунии амволи давлати

error: